Сафари раиси конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон
(last modified Sun, 30 Apr 2023 05:35:28 GMT )
Апрел 30, 2023 10:35 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон
    Сафари раиси конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон

Раиси конфедератсияи футболи Осиё  ба Тоҷикистон  сафар кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон шайх Салмон бин Иброҳим оли Халифа, раиси конфедератсияи футболи Осиё имруз ба Тоҷикистон сафар кард.

Шайх Салмон бин Иброҳим оли Халифа дар сафари кории худ бо раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон дидор ва дар бораи масоили рушди футбол дар ин кишвар гуфтугу кард.

Ҳаштумин маҷмаъи иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ 2 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он  Ҷанни Инфантино, раиси ФИФА ва шайх Салмон бин Иброҳим оли Халифа, раиси конфедератсияи футболи Осиё ҳузур хоҳанд дошт.