Май 03, 2023 10:56 Asia/Dushanbe
  • Ширкати муҳоҷирони кории тоҷик дар озмӯни забони русӣ

Барои аввалинбор муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар озмӯни забони русӣ дар шаҳри Душанбе ширкат кунанд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, муассисаи давлатии «Марокизи мушовара ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони корӣ» эълом кард, барои аввалинбор дар Душанбе аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки мехоҳанд барои кор ба Русия бираванд, озмӯни забони русӣ мегиранд.

Ин озмӯн дар чорчӯби қарордоде, ки дар декабри соли гузашта бо Маркази озмӯни забони русии Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург имзо шуд, баргузор мешавад.

Таърихи баргузории имтиҳон ҳанӯз мушаххас нест.

Ин муассисаи давлатӣ тавзеҳ дод, барои аввалинбор 30 нафар метавонанд ба сӯрати ройгон дар ин озмӯн ширкат кунанд, зеро ин аввалин таҷрибаи баргузории чунин озмӯне дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз гузарондани муваффақиятомези озмӯн, гувоҳии дониши забони русӣ барои муддати панҷ сол содир мешавад.

Тоҷикистон дуввумин кишваре аст, ки Маскав дар заминаи ҷазби созмонёфтаи коргарони муҳоҷир бо он ҳамкорӣ мекунад.

 

Барчасп