Фурсатҳои меҳмон шудани Тоҷикистон дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон
(last modified Tue, 09 May 2023 05:18:04 GMT )
Май 09, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Фурсатҳои меҳмон шудани Тоҷикистон дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон

Тавваҷуҳ ба тафовут дар забони навишторӣ ва шабоҳати забони гуфторӣ аз муҳимтарин иттифоқоте аст, ки метавонад рӯйдодҳои хуберо дар иртиботи саноъати нашр миёни Эрону Тоҷикистон ва ба вижа китобҳои савтӣ дар рӯзҳои баргузории Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон рақам бизанад .

Ҳафтаи гузашта Тоҷикистон меҳмони вижаи сию чаҳорумин давраи Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон шуд . Албаита дар ибтидо бо кишварҳое чун Ҳинду Венесуэла суҳбатҳое шуда буд, ки дар ниҳоят тоҷикҳо меҳмони вижаи ин давра шуданд .
Тоҷикистон имсол бо ҳузури беш аз 20 шахсияти фарҳангӣ ва адабӣ дар намоишгоҳ ҳузур хоҳад дошт .
Намоишгоҳи китоби Теҳрон аз фардо, чаҳоршанбеи 10 май гушоиш меёбад.