Май 10, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Равобити Тоҷикистону Туркманистон
    Равобити Тоҷикистону Туркманистон

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон чанд тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Туркманистон пас аз дидору музокирот чанд тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон Эъломияи тақвияти мушорикати роҳбурдии ду кишварро имзо карданд.

Сипас дар ҳузури сарони кишварҳо 23 санади дигар дар бахшҳои беҳдошт, амнияти кибернетикӣ, ҳифзи иттилооти фаннӣ, ҳамкории мутақобил дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, домпизишкӣ, нақшаи роҳ барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо қонунисозӣ (расмӣ) –и авоиди ношӣ аз ҷурм, таъмини молии терроризм ва таъмини молии тавзеи силоҳҳои куштори ҷамъӣ, тафоҳуми байнибонкӣ, илмӣ – фаннӣ ва фарҳангӣ – инсонӣ, саноат ва фанновариҳои навину кору иштиғол имзо шуд.

Ҳамчунин тафоҳумномаҳое байни мақомоти иҷроии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Марви Туркманистон, вилояти Суғд ва Болкони Туркманистон имзо шуд.

Пас аз маросими имзои аснод Эмомалӣ Раҳмон ва Сардор Бердимуҳаммедов дар нишасти хабарӣ ширкат карданд.

 

Барчасп