Коҳиши даромадҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 21 Dec 2016 09:49:39 GMT )
Декабр 21, 2016 14:49 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши даромадҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон

Муҳоҷирони тоҷик имсол аз Русия пули кам ирсол кардаанд.

Ба иттилои “Озодагон”, ҳаҷми маблағҳои аз Русия ба Тоҷикистон воридшуда давоми 9 моҳи имсол, 1 миллиарду 432 миллион доллар будааст.  

Бонки марказии Русия гуфтааст, ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 14,5 дарсад ва нисбат ба соли 2013, зиёда аз 53 дарсад камтар аст.

Коҳиши интиқоли маблағ аз Русия ба Узбакистон дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 14,4 дарсадро ташкил додааст.

Бо ин вуҷуд, Бонки марказии Русия эълом кардааст, ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Қирғизистон 21 дарсад зиёд шудааст.