Оғози тарҳи сохтусози 19 миллион долларии Амрико дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 14 May 2023 08:24:36 GMT )
Май 14, 2023 13:24 Asia/Dushanbe
  • Оғози тарҳи сохтусози 19 миллион долларии Амрико дар Тоҷикистон
    Оғози тарҳи сохтусози 19 миллион долларии Амрико дар Тоҷикистон

Ожонси рушди байналмилалии Амрико тарҳи 19 миллион доллари дар Тоҷикистон бо ҳадафи рушди иқтисоди манотиқи рустоӣ дар ин кишварро оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс ожонси байналмилалии рушди Амрико дар Тоҷикистони тарҳи 5 сола таҳти унвони рақобатсозии рушди манотиқи рустоиро оғоз кард.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт ин тарҳе, ки барои таҳаққуқи он 19 миллион доллар ихтисос дода мешавад саросари ин кишварро дар бармегирад ва ҳадафи он тасриъи рушди бахши кишоварзӣ аз тариқи дастрасии ҳамаҷониба ба фурсатҳои иқтисодӣ дар ҷомеъаи рустои аст.

Ҳамчунин хотирнишон шуд, ки тарҳи фавқ аз беҳбуди рақобатпазири ва пойдории бахши кишоварзии Тоҷикистон бо эҷоди пайванди байни кишоварзон ва шуғлҳои кишоварзӣ ва ташвиқи ҳамкории наздик ва судманд дар кулли занҷираи эҷоди арзиш пуштибони мекунад.

Бар асоси суханони сафири Амрико дар Тоҷикистон ин тарҳ дар ростои аҳдофи барномаи ҷадиди пойдории системаҳои кишоварзӣ ва ғизоӣ давлати Тоҷикистон аст.