Май 21, 2023 09:36 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди донишҷуёни тоҷик дар Русия
    Афзоиши теъдоди донишҷуёни тоҷик дар Русия

Теъдоди шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои омузиши олии Русия таҳсил мекунанд 22 дарсад афзоиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин теъдод ба 28000 нафар хоҳад расид. Семён Григориев сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт: Дар соли 2023 беш аз 28 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил хоҳанд кард як сол пеш ин теъдод баробар бо 23000 нафар буд.

Ба гуфтаи Григориев теъдоди донишҷуёни тоҷикистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд афзоиш хоҳад ёфт зеро омор ба вузуҳ асарбахшии ин корро нишон медиҳад.Вай ҳамакнун ба омилҳое ишора кард, ки аз фаъолиятҳои муштарак дар заминаи омузиш дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад.

Семён Григориев гуфт: Дар воқеъ кишварҳои мо фазоиши муштараки доранд барномаҳои омузиши мушобеҳи дар мактатбҳо иҷро мешаванд.

Ба гуфтаи вай вазъияти ҷамъияти дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ниёз ба дастраси ба омузиши оли ҳамчунон афзоиш хоҳад ёфт.

Барчасп