Эътои бурси таҳсилӣ ба 100 донишомӯзи хуҷандӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i102664-Эътои_бурси_таҳсилӣ_ба_100_донишомӯзи_хуҷандӣ
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 донишомӯзи нухба фурсати таҳсилӣ (бурсия) дод.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Май 24, 2023 12:42 Asia/Dushanbe
  • Эътои бурси таҳсилӣ ба 100 донишомӯзи хуҷандӣ

Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 донишомӯзи нухба фурсати таҳсилӣ (бурсия) дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин фурсати таҳсилӣ ба манзури эҷоди ангеза ва ҳимояти моддӣ ва маънавӣ аз донишомӯзон ва донишомӯзони мадориси мутавасситаи умумӣ, дабиристонҳо ва толорҳои варзишӣ эъто мешавад.

Дар маросими эътои бурси таҳсилӣ аз ҷавонон хоста шуд то илм, дониш, ҳирфа ва саноат биомузанд, таърихи мардуми худро ҳифз кунанд, ватани худро беш аз рӯҳи худ дӯст дошта бошанд, ба арзишҳо ва суннатҳои миллӣ ва фарҳангӣ эҳтиром бигузоранд.

Дар поён ба машмӯлони бурсияи шаҳрдори гувоҳӣ ва маблағе аз сӯи мудирияти шаҳрӣ эъто шуд.