Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз мазрааи Муродҷони шаҳри Турсунзода
(last modified Wed, 24 May 2023 16:24:58 GMT )
Май 24, 2023 21:24 Asia/Dushanbe
  • Мазраааи Муродҷон дар Турсунзода
    Мазраааи Муродҷон дар Турсунзода

Эмомалӣ Раҳмон бо раванди кошти биринҷу бардошти пиёзи зудрас дар мазрааи Муродҷони шаҳри Турсунзода ошно шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари кории худ ба шаҳри Турсунзода, аз мазрааи Муродҷон боздид ва аз наздик бо раванди кошти муҷаддади биринҷу бардошти пиёзи зудрас ошно шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз раванди бардошти зудҳангоми пиёз ва кошти биринҷ, гуфтугӯи самимонае бо кишоварзон дошт ва дар бораи баҳрабардории беҳинаву мантиқӣ аз замин ва тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ суҳбат кард.

Дар ин макон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо шеваи ҷадиди кишоварзӣ барои кошти биринҷ ошно шуд.

Мазрааи Муродҷон чанд ваҷҳӣ аст ва дар соли 2018 тавассути хонаводаи Madrahimov таъсис шудааст.

Ин мазраа дорои 64 гектар замин аст.

Дар ҳоли ҳозир 54 нафар ба сурати доим дар мазраа машғул ба кор ҳастанд, ки аксари онҳо сокинони манотиқи атроф ҳастанд. Яке аз заминаҳои аслии фаъолияти мазрааи Муродҷон кишти биринҷ асту имсол ин навъи маҳсули кишоварзӣ дар як гектар кишт мешавад.