Осон шудани дарёфти раводид миёни Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Thu, 22 Dec 2016 05:32:27 GMT )
Декабр 22, 2016 10:32 Asia/Dushanbe
  • Осон шудани дарёфти раводид миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон муътақиданд бо сафари рӯзи 26-уми декабри ҳайати давлатии Узбакистон ба Душанбе, дутараф дар заминаи осон шудани судури раводид барои шаҳрвандони ин ду кишвар дар фурудгоҳҳои душанбе ва Тошканд, ба тавофуқ даст хоҳанд ёфт.

Ба гузориши сойти Азия Плюс, мақомоти ҳукуматӣ дар Душанбе ба ин хабаргузорӣ эълом кардаанд, ки дар нишасти Комиссияи ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ ва тиҷории дукишвар, ки рӯзи 26 декабр имсол дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, мавзӯи судури раводид барои шаҳрвандони ин ду кишвар дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Тошканд ҳал хоҳад шуд.

Пеш аз ин мақомоти ду кишвар дар бораи аз саргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар пас аз 26 сол вақфа дар авоили соли ҷадид 2017 ба тавофуқ расида буданд.

Интизор меравад, ки дар нишасти ин комиссия, ки ба раёсати Давлаталӣ Саид,муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон дар Душанбе баргузор мегардад, дар бораи ҷадвали парвозҳо, нархи билети ҳавопаймо ва дарёфти раводид дар фурӯгоҳҳои пойтахтҳои ду кишвар ба тавофуқ бирсанд.

Бар асоси тавофуқи мақомоти дукишвар дар авоили соли ҷадиди 2017 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи саноатии Узбакистон баргузор мешавад.

Пас аз даргузашти Ислом Каримов ва бо рӯи кор омадани давлати ҷадид дар Тошканд, беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбакистон мушоҳида мешавад.