8 июн – замони эҳтимолии ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Тоҷикистон
-
Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон ва Осиёи Миёна
Як расонаи тоҷикӣ бо истинод ба манбаи худ эълом кард, бузургтарин масҷиди ин кишвар, ки бо сармоягузории Қатар дар шаҳри Душанбе бунёд шудааст, 8 июни соли ҷорӣ бо мушорикати сарони ду кишвар ифтитоҳ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир онҳо барои ифтитоҳи ин масҷид омода мешаванд ва мунтазири сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш, шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар дар чорчӯби як сафари расмӣ дар даҳаи аввали июн вориди Душанбе мешавад.
Дар чорчӯби ин сафар, ба эҳтимоли зиёд муаррихи 8 июн Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амири Қатар масҷиди мазкурро ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.
Дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон агарчӣ сафари ҳайати қатарӣ ба Душанберо таъйид кардааст, аммо дар мавриди эъломи таърихи дақиқи анҷоми ин сафар худдорӣ кардааст.
Бар асоси иттилооти ироашуда, дар ин масҷид, ки сохти он октябри соли 2011 шуруъ шуд ва 8 сол идома ёфт, беш аз 100 ҳазор нафар метавонанд ҳамзамон намоз бихонанд.
Сохтмони ин масҷид соли 2019 такмил шуд ва қарор буд ноябри ҳамон сол ифтитоҳ шавад, аммо баъдан маросими ифтитоҳ ба марти 2020 ва сипас ба далели густариши вируси ҳамагир барои як муддати номаълум ба таъхир афтод.