Мушкилоти сармоягузорони рус дар Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, сармоягузорони рус дар ин кишвар бо монеаҳои бисёре рӯбарӯ ҳастанд.
Ба гузориши сойти маҷаллаи Ахбори байналмилалӣ, Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон мизони ниҳоят баланди андоз бар ширкатҳои русиро мушкили умдаи сармоягузорони кишвараш дар Тоҷикистон унвон кардааст.
Вай гуфтааст, ки бо намояндагони ширкатҳои мухобиротӣ, телефонҳои ҳамроҳ ва Газпроми Русия дар Тоҷикистон ба таври муназзам дидор мекунад ва онон аз боло будан мизони молиёт дар ин кишвар шикоят доранд.
Аз дидгоҳи Фролов, агар чӣ Русия аз шарикони нахусти тиҷории Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва мизони муомилоти бозаргонии ду кишвар имсол ба ҳудуди як миллиард доллар расидааст, аммо афзоиши молиётҳо мӯҷиби коҳиши қобили мулоҳизаи мизони сармоягузории Русия дар ин ҷумҳурӣ, дар соли 2016 шудааст.
Вай ҳамчунин аз ин, ки ширкати давлатии Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи барқӣ обии “Сангтуда-1” наздик ба 626 миллион сомонӣ қарздор аст, ибрози нигаронӣ кардааст.
Бо ин ҳол, сафири Русия ибрози умедворӣ кардааст, ки талоши ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши молиёт дар солҳои оянда, мӯҷиби густариши равобити иқтисодии ин ду кишвар шавад.