Май 27, 2023 18:48 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкорӣ байни марокизи фикрии Тоҷикистону Шветсия

Ҳамкорӣ байни марокизи фикрии Тоҷикистону Шветсия густариш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хайриддин Усмонзода, Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Томас Данестад, сафири Шветсия дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот, равобити дуҷониба байни ду кишвар дар ростои барқарории муҷаддади ҳамкориҳо байни марокизи фикрии ду тараф мавриди баҳс қарор гирифт.

Дар ин дидор тақвияту густариши равобити Тоҷикистон Шветсия дар тамомии заминаҳои мавриди алоқаи дуҷониба зарурӣ ва муҳим арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин арзёбии вазъияти минтақа ва ҷаҳон, густариши равобити дуҷониба байни кишварҳо мавзӯи меҳварии ин нишастро ташкил доду тарафайн дар мавриди вазъияти Афғонистону таҳдидоту хатароти он барои минтақа ва ҷаҳон табодули назар карданд.