Осори Мавлоно шомили феҳристи осори ҷаҳонии ЮНЕСКО шуд
Дар 24 май бо тасмими ҳайати иҷроии ЮНЕСКО, “Куллиёт”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ расман ба унвони мироси мустанад шомили феҳристи мироси ҷаҳонии ЮНЕСКО шуд.
Ба гузориши сомонаи “Ховар” ба нақл аз вазорати умкри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди “осори Мавлоно” ба таври муштарак тавассути Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Узбекистон ба ЮНЕСКО ироа шуд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, шоир, файласуф, донишманд ва яке аз бузургтарин донишмандони тоҷики қарн 13-ум аст ва осори ӯ яке аз арзишмандтарин осори имрӯзи ҷаҳон ба шумор меравад.
Куллиёти Мавлоно «Маснавии Маънавӣ», «Девони Шамси Табрезӣ», «Фиҳи мо фиҳи», «Маҷолиси Сабъа» ва «Мактубот»-ро дар бар гирифта, ба забони тоҷикӣ навишта ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон тӯли солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.