Май 29, 2023 10:15 Asia/Dushanbe
  • Парвариши беш аз 1 миллион гусфанди нажоди ҳисорӣ дар Тоҷикистон
    Парвариши беш аз 1 миллион гусфанди нажоди ҳисорӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 1.7 миллион гусфанди нажоди ҳисорӣ парвариш дода мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гусфанди нажоди ҳисорӣ дар феҳрести ибтикороти созмони хорбор ва кишоварзии милали муттаҳид ба унвони мероси кишоварзи бо аҳамияти ҷаҳонӣ сабт шуда аст.

Ин матлаб дар нишасти минтақаӣ бо мавзуъи гусфанди нажоди ҳисор-вазъият ва чашмандозҳо ки ба ибтикори дастгоҳи иҷроӣ дар академяи кишоварзии Тоҷикистон баён шуд.

Дар нишаст итилоърасони шуд, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди нажоди густфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон 1.7 миллион аст ва 7 марказ ва домдори ин нажодро парвариш медиҳанд.

Гусфанди нажоди ҳисор аз назари вазн бузургтарин нажоди густфанд дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Минтақаи парвариши гусфанди ҳисори он ба Тоҷикистон маҳдуд намешавад тайи солҳои мухталиф гусфанди нажоди ҳисор аз Тоҷикистон ба Узбакистон, Қақзоқистон, Қирғизистон, Русия, Украина ва Белорус мунтақил шуда ва ҷуғрофияи парвариши он дар ҳоли густариш аст.

Ҳамчунин дар ҷаласаи минтақаӣ мутаъасисони бахши домпарвари низ дидгоҳҳои худро дар хусуси таърихчаи пайдоиши дастовардҳои илмӣ ва тавлиди, рушди бештар ва вижагиҳои баҳраварии гусфандони нажоди ҳисор ироа карданд.