Таъкиди Душанбе ва Боку бар тақвияти ҳамкориҳои порлумонӣ
(last modified Sun, 04 Jun 2023 15:22:54 GMT )
Июн 04, 2023 20:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Душанбе ва Боку бар тақвияти ҳамкориҳои порлумонӣ

Дар дидори раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Озарбойҷон мавзуи тақвияти ҳамкориҳои порлумонӣ миёни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносибати байнипарлумонӣ, ҳамкории  фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима карда шуд.

Иброз гардид, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду давлат заминаи хуб барои таҳкими ин муносибат ба вуҷуд меорад.

Дар анҷоми мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб менамояд.