Мушорикати Тоҷикистон ва 3 кишвар дар размоиши «Паланги барфӣ»
(last modified Wed, 07 Jun 2023 04:47:32 GMT )
Июн 07, 2023 09:47 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати Тоҷикистон ва 3 кишвар дар размоиши «Паланги барфӣ»

Тоҷикистон, Ҳоланд, Руминия ва Амрико бо ҳамкории Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид размоиши омӯзишии «Паланги барфӣ» баргузор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ин тамриноти чандҷониба ба муддати се рӯз баргузору зимни он созу корҳои ҳамкориҳои минтақаии муассир барои таҳқиқу таъқиби ҷароими радиатсионӣ/ҳастаӣ, таъйин ва ба намоиш гузошта шуд.

Ин гуна тамринот ба кишварҳо имкон медиҳад то тавоноиҳои худро барои ҷилавгирӣ аз дастёбии террористҳо ва соири бозигарони ғайридавлатӣ ба мавод, тахассусу таҷҳизоти силоҳҳои куштори ҷамъӣ беҳбуд бахшанд. Размоиши «Паланги барфӣ» мӯҷиби афзоиши дарки ширкаткунандагон аз иртиботу корбурди чорчӯбҳои ҳуқуқии байналмилалӣ алайҳи иқдомоти террористии радиатсионӣ/ҳастаӣ, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ барои саркӯби иқдомоти терроризми ҳастаӣ шуд.

Шоёни зикр аст, ки тайи як соли ахир талошҳои Амрико барои тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф ва ба хусӯс низомӣ ва амниятӣ афзоиш ёфтааст.