Сафари додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон
Додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон ба манзури дидору музокира бо мақомоти Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатилислом валмуслимин Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ-додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати расмии Юсуфи Раҳмон-додситони кулли Тоҷикистон дар раъси ҳайати олирутбаи қазоӣ вориди шаҳри Душанбе шуд ва мавриди истиқболи мақомоти қазои ин кишвар ва Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломӣ қарор гирифт.
Ин сафар дар посух ба сафари додситони кулли Тоҷикистон ба Эрон ва дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои қазоии байни ду кишвар ва пайгирии ёддошти тафоҳуми марбута анҷом шудааст.
Дидору музокирот бо додситони кулли Тоҷикистон ва соири мақомоти қазоӣ ва расмии ин кишвар аз муҳимтарин бахшҳои сафари оқои Мунтазирӣ мебошад.