Ифтитоҳи зеботарин ва бузургтарин масҷиди Осиёи Миёна дар Тоҷикистон
Масҷиди ҷомеи ҷадиди Душанбе тайи маросиме тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шайх Тамим бин Ҳамад бин Халифа оли Сонӣ, амири Қатар ифтитоҳ шуд.
Ин масҷид бо ҳазинаи 100 миллмон доллар (30 дарсад саҳми Тоҷикистон ва 70 дарсад саҳми Қатар) сохта шуда ва яке аз бузургтарин масоҷиди Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Масоҳати куллии масҷид 12 гектар будаву сохтмони масҷид бо 3 вурудии бузург дар 3 гектар бунёд шудааст.
Ин масҷид зарфияти пазириши 133 ҳазор нафар намозгузорро дорад, ки 43 ҳазор нафар дар дохил ва боқимонда дар саҳни он метавонанд қарор гиранд.
Ин масҷид дорои 4 манора ба баландии 74 метр, ду манораи хурд ба иртифои 21 метр, як гунбади бузург ба иртифои 43 метру 17 гунбади хурд ба иртифои 35 метр мебошад.