Июн 10, 2023 14:11 Asia/Dushanbe
  • Эъломи далели барканории сармураббии тими футболи шаҳри Хуҷанд

Далели барканории сармураббии тими футболи Хуҷанд эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, мудирони бошгоҳи футболи шаҳри Хуҷанд далели барканории Нӯъмон Ҳасановро шароити хонаводагии ӯ зикр карданд.
Дар паёми масъӯлони бошгоҳи Хуҷанд барои сармураббии собиқ омадааст: Бошгоҳи футболи Хуҷанд зимни ташаккур аз Нӯъмон Ҳасанов барои вай орзӯи муваффақият дар оянда дорад . Аммо пеш аз ин яке аз манобеи хабарӣ дар бошгоҳи Хуҷанд эълом карда буд, ки дар паи натоиҷи номатлуби ин тим дар чанд бозии ахир сарпарастии бошгоҳ « Хуҷанд » ба ҳамкорӣ бо Ҳасанов поён дод . Ин манбаи хабарӣ аз қавли яке аз масъӯлони бошгоҳи футболи Хуҷанд изҳор кард: Ҳасанов сармураббии моҳире аст, аммо мутаъасифона бо омаданаш тим натавонист натоиҷи хубе касб кунад; бо вуҷӯди инки дар чанд бозӣ шикаст хурд, аммо ҷойгоҳи тим дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии кишвар тағйире накард . Вай таъкид кард, ки ба ҳамин далел мудирияти бошгоҳ ба ин натиҷа расид, ки қарордодро қатъ кунад.
 

 

Барчасп