Июн 11, 2023 19:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия
    Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия

Дар дидори нахуствазирони Тоҷикистону Русия бар лузуми густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷорӣ таъкид шуд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, дар дидори нахуствазирони Тоҷикистону Русия дар заминаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ ва табодули назар шуд.

Дар ин дидор, ки дар ҳошияи нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ду тараф бо тавваҷуҳ ба аҳамияти ҳамкорҳои устонии Тоҷикистону Русия, бар омодагии худ барои густариши таомулот байни манотиқи ду кишвар таъкид карданд.

Нахуствазири Русия гуфт, ки кишвараш аз шуракои аслии тиҷории Тоҷикистон будаву мубодилаи бозаргонӣ байни ду кишвар дар соли гузаштаи мелодӣ 18 дарсад афзоиш ёфта ва ба 1. 4 миллиард доллар расидааст.

Ба гуфтаи Мишустин, сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст ва ширкатҳои русӣ дар бахши энержӣ, иқтисоди диҷиталӣ, муроқибатҳои беҳдоштӣ ва гардишгарӣ фаъол ҳастанд.