Бунбаст дар музокироти Тоҷикистон ва Русия бар сари парвозҳои мусофирбарӣ
Дар посух ба тасмими Русия, мабнӣ бар мамнуияти парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарии ширкати “Сомон эйр”-и Тоҷикистон, мақомоти идораи ҳавопаймоии ин кишвар парвозҳои ширкати "Хатсайри Урал"-и Русияро ба Душанбе мамнуъ карданд.
Ба гузориши сайти Фарғона, ширкати ҳавопаймои "Сомон-эйр" эълом кардааст, ки ба далели мамнуияти парвози ҳавопаймоҳои мусофирбариаш ба Русия, пули билетҳои харидоришудаи мусофиронро пас хоҳад дод.
Ҳамчунин ин ширкат аз лағви парвозҳояш ба шаҳрҳои Кроснодар, Иркутск ва Красноярски Русия хабар додааст.
Шиддат гирифтани ихтилофот миёни Русия ва Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ҳайате аз мақомоти ҳайати Комиссияи давлатии Тоҷикистон барои музокира бо масъулони Вазорати нақлиёти Русия ба Маскав рафта буданд, аммо шавоҳид ҳокист, ки ин музокирот ба бунбаст расидааст.
Ба гуфтаи коршиносон, решаи ин ихтилоф ба мавзӯи теъдоди парвозҳои ҳафтагӣ миёни ин ду кишвар ва нисбатан арзони билети ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ бармегардад , ки аз нигоҳи Тоҷикистон ба суди Русия аст.
Бештари парвозҳо дар масири Тоҷикистон- Русия дар ихтиёри ширкатҳои ҳавопаймои русӣ қарор дорад.