Декабр 23, 2016 21:12 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи Тоҷикистон дар раддаи 129 –и ҷаҳон

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии Фифа бо 2 зина боло рафтан, дар раддаи 129-и ҷаҳон қарор гирифт.

Ба гузориши “Ховар”, дар ҷадидтарин раддабандии тимҳои миллии футбол, ки аз сӯйи Фифа дар 22-юми декабри соли 2016 мунташир шуд, тими миллии Эрон ба унвони бартарин тими осиёӣ боқӣ монд ва ҷойгоҳи худро ба раддаи 29-и ҷаҳон иртиқо дод.

Дар Осиё пас аз Эрон, Кореяи ҷанубӣ, Япония, Австралия ва Арабистон дар раддаҳои дуввум то панҷум ҷой гирифтаанд.

Дар ин раддабандӣ Аргентина ҳамчунон тими аввали ҷаҳон аст, аммо Бразилия тавонист ҷойи Олмонро дар раддаи дуввум бигирад ва олмониҳоро ба раддаи саҷҷум бифиристад.