Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар панҷоҳумин нишасти Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории роҳи оҳан
(last modified Sat, 17 Jun 2023 06:06:22 GMT )
Июн 17, 2023 11:06 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар панҷоҳумин нишасти Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории роҳи оҳан

Ҳайати Тоҷикистон дар панҷоҳумин нишасти Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории роҳи оҳан ширкат кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайати Тоҷикистон ба раёсати Комил Мирзоалӣ, раиси ширкатиРоҳи оҳани Тоҷикистон ” дар ин нишаст дар шаҳри Бусони Кореяи ҷанубӣ баргузор шуд, ширкат кард.
Дар ин нишаст мавзӯъоти марбут ба иҷрои мувофиқатномаи ҳамлу нақли байналмилалии мусофир аз тариқи рейл ва фаъолиятҳои ин созмон таи солҳои 2021 то 2022 мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Созмони ҳамкории роҳи оҳан як созмони байналмилалӣ аст ва 30 кишвар аъзои он ҳастанд . Тоҷикистон аз соли 2002 ба узвияти ин созмон даромада ва дар иҷрои тарҳу барномаҳои он мушорикати фаъол дорад.