Баргузории нуҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Суғд – 2023» бо ҳузури ширкатҳои эронӣ
(last modified Fri, 23 Jun 2023 13:46:40 GMT )
Июн 23, 2023 18:46 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи байналмилалии Суғд -2023
    Намоишгоҳи байналмилалии Суғд -2023

Нуҳумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷории «Суғд – 2023» бо ҳузури ширкатҳои хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши «Форс», нуҳумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷории «Суғд –2023» имрӯз бо ҳузури густардаи корофаринони хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти шимолии Тоҷикистон оғоз ба кор ва то фардо - шанбе идома дорад.

Ҳадафи аслии нуҳумин даври ин намоишгоҳи байналмилалӣ ҳимоят аз тиҷорати байналмилалӣ, афзоиши зарфияти содиротии минтақаи Суғд, барқарории ҳамкориҳои мутақобили судманд бо кишварҳои хориҷӣ ва муаррифии фанновариҳои ҷадид эълом шудааст.

Дар кори ин намоишгоҳ, ки ба як бистаре барои эҷоди равобити мутақобили сӯдманд ва табодули таҷриба табдил шудааст, корофаринон аз кишварҳои Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Русия, Узбакистон, Чин ва Беларус ҳузур доранд.

Дар чорчӯби ин рӯйдоди муҳими сатҳи минтақаӣ ҳамоиши тиҷорӣ ва сармоягузорӣ барномарезӣ шудааст.

Дар ҳаштумин даври ин намоишгоҳ, ки 17 - 18 июни соли гузашта баргузор шуда буд, намояндагони беш аз 500 давоири касбу кори Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Беларус, Эрон, Чин, Туркия ва Арабистони Саудӣ ширкат карданд.

Дар чорчӯби ин намоишгоҳ беш аз 200 ширкати саноатӣ аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Узбакистон, Эрон, Туркия ва Чин маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд ва 60 тавофуқномаву қарордоди ҷадид дар заминаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

 

Бештар бихонед: