Барканории эҳтимолии сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон
(last modified Sat, 08 Jul 2023 05:44:07 GMT )
Июл 08, 2023 10:44 Asia/Dushanbe
  • Барканории эҳтимолии сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон

Овозаҳо дар бораи барканории эҳтимолии сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон пас аз шикаст дар ҷоми миллатҳои КАФА 2023 афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, барои бекории зӯдҳангоми қарордод бо Питер Сегерт-сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистонедерасиюни футболи ин кишвар бояд ҳудуди 90 ҳазор доллар ғаромат бипардозад . Қарордоди феълӣ бо ин сармураббии хорват то поёни ҷоми миллатҳои Осиё, ки қарор аст дар феврали соли оянда баргузор шавад,эътибор хоҳад дошт.
Питер Сегертдар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон нест . Мушаххас нест Федерасиюни футболи Тоҷикистон қарордоди худро бо ӯ бекор хоҳад кард ё на? Ҳануз тавзеҳи расмӣ дода нашудааст.
Дамир Камолиддинов-коршиноси футбол фасх(бекор кардан)и қарордод бо сармураббии феълии тими миллии Тоҷикистонро қабл аз поёни муҳлат лозим намедонад .
Вай хотирнишон кард : " Аз назари моддӣ фасхи пеш аз муҳлати қарордод чандон муфид нахоҳад буд. "
Камолиддинов афзуд : "Дар футболи имрӯз ҳамаи чиз тибқи қарордод ҳал мешавад . "
Ҷоми миллатҳои КАФА 2023 аз 10 то 20 июн дар Қирғизистону Узбекистон баргузор шуд . Тими миллии Тоҷикистон дар гуруҳи А бо Туркманистон, Уммон ва Узбекистон ҳамгуруҳ шуд . Тими миллии Тоҷикистон дар радаи сеюми гуруҳ қарор гирифт ва аз роҳёбӣ ба марҳалаи баъдӣ бозмонд.