Ширкати ҳавопаймойии " Туркиш айэрлайнс " шарики расмии Федерасиюни футболи Тоҷикистон шуд
(last modified Tue, 11 Jul 2023 09:16:52 GMT )
Июл 11, 2023 14:16 Asia/Dushanbe
  •  Федерасиюни футболи Тоҷикистону ин ширкати ҳавопаймоӣ тасмим гирифтаанд рӯйдодҳои муштараки бозорёбӣ, таблиғот ва равобити умумиро бо ҳам баргузор кунанд.
    Федерасиюни футболи Тоҷикистону ин ширкати ҳавопаймоӣ тасмим гирифтаанд рӯйдодҳои муштараки бозорёбӣ, таблиғот ва равобити умумиро бо ҳам баргузор кунанд.

Қарордоди ҳамкории байни Федерасиюни футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии “ Turkish Airlines ” дар шаҳри Душанбе имзо шуд .

Ба гузориши Ховар, ин қарордод 10 июл аз сӯи дабири кулли Федерасиюни футболи Тоҷикистон ва мудири кулли дафтари намояндагии ширкати ҳавопаймойии " Туркиш айэрлайнс  " дар Тоҷикистон ба имзо расид .

Дабири кулли Федерасиюни футболи Тоҷикистон гуфт : Бар асоси ин қарордод Федерасиюни футболи Тоҷикистони як шарики қобили эътимод пайдо хоҳад кард. " Туркиш айэрлайнс  " яке аз бузургтарин ва машҳуртарин хутути ҳавоии ҷаҳон аст .

Дар чорчуби ин барномаи мушорикатӣ Федерасиюни футболи Тоҷикистону ин ширкати ҳавопаймоӣ тасмим гирифтаанд рӯйдодҳои муштараки бозорёбӣ, таблиғот ва равобити умумиро бо ҳам баргузор кунанд.

Бештар бихонед :