Сармоягузорӣ ва тиҷорат меҳвари дидори сафири Тоҷикистон бо муовини вазири иқтисоди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i105184-Сармоягузорӣ_ва_тиҷорат_меҳвари_дидори_сафири_Тоҷикистон_бо_муовини_вазири_иқтисоди_Эрон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз мулоқоти сафири ин кишвар дар Теҳрон бо муовини вазир ва раиси кулли Созмони сармоягузорӣ ва кумакҳои иқтисодӣ ва фаннии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 20, 2023 10:59 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузорӣ ва тиҷорат меҳвари дидори сафири Тоҷикистон бо муовини вазири иқтисоди Эрон
    Сармоягузорӣ ва тиҷорат меҳвари дидори сафири Тоҷикистон бо муовини вазири иқтисоди Эрон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз мулоқоти сафири ин кишвар дар Теҳрон бо муовини вазир ва раиси кулли Созмони сармоягузорӣ ва кумакҳои иқтисодӣ ва фаннии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, «Низомиддини Зоҳодӣ» сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо «Али Фикрӣ» муовини вазири иқтисод, раиси Созмони сармоягузори ва кумакҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Маркази матбуотии ниҳоди дипламатики Тоҷикистон бо эъломи ин матолиб гуфт, ки тайи ин дидор тақвияти ҳамкори дар заминаи сармоягузорӣ ва тиҷорат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирфит.