Густариши равобити дуҷониба меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i105388-Густариши_равобити_дуҷониба_меҳвари_дидори_мақомоти_Тоҷикистон_ва_Эрон
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ва раиси Утоқи бозаргонӣ, санъат, маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо якдигар бар густариши равобити дуҷонибаи иқтисодиву тиҷорӣ таъкид карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 24, 2023 20:57 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон
    Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ва раиси Утоқи бозаргонӣ, санъат, маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо якдигар бар густариши равобити дуҷонибаи иқтисодиву тиҷорӣ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, маркази матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистони имрӯз (душанбе) эълом кард, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Ҳусайни Салоҳварзӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, санъат, маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор мавзӯоти тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи сармоягузориву тиҷорат, ҷазби ширкатҳову сармоягузорони эронӣ барои иҷрои пружаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин мушорикати фаъолони иқтисодии ҷумҳурии исломӣ дар маҷомеъ ва намоишгоҳҳои Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.