Июл 27, 2023 19:00 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти бадминтони қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе

Мусобиқоти бадминтони қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад .

Федерасиюни бадминтони Тоҷикистон эълом кард : Мусобиқоти қаҳрамонии минтақаи Осиёи Марказӣ аз 31 июл то 4 август ва аз 6 то 11 август дар Душанбе мусобиқоти “ силсилаи байналмиллалии Тоҷикистон ” байни навҷавонон, ҷавонон ва калонсолон баргузор мешавад.
Ҳузури варзишкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии минтақаи Осиёи Миёна пешбинӣ мешавад .
Варзишкороне аз 32 кишвар барои ширкат дар мусобиқоти “ силсилаи байналмиллалии Тоҷикистон ” дархост додаанд.
Ин рақобатҳо ба варзишкорон барои касби имтиёзоти лозим ва роҳёбӣ ба бозиҳои олимпии 2024 Порис кумак мекунад .
Маҳали баргузории мусобиқот “ Кохи тенис ” ва “ Маҷмаъаи варзишҳои обӣ ” дар шаҳри Душанбе аст.
 

 

Барчасп