Июл 29, 2023 15:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими Ошӯрои ҳусайнӣ дар Тоҷикистон

Маросими азодории Ошӯрои ҳусайнӣ дар маҳали сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, дар ин маросими бошукуҳи маънавӣ,ки сафири Ҷумҳурии исломии Эрон, дипломатҳои эронӣ дар канори садҳо нафар аз эрониёни муқим ва дигари дӯстдорони аҳли байти Паёмбар алайҳимус-салом ҳузур доштанд, пас аз таловати оёте аз Қуръони карим, сӯгворони ҳусайнӣ дар расои сарвари озодагони ҷаҳон, ҳазрати Имоми Ҳусайн алайҳис-салом ва шаҳидони дашти Карбало азодорӣ ва синазанӣ карданд.
Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон таи суханоне бо табйини бархе аз вижагиҳои шахсиятии Имом Ҳусайн алайҳис-салом ва фалсафаи қиёми Ошӯро дошт : Ҳодисаҳо дар таърих умдатан ҳар андоза аз нуқтаи оғози худ фосила мегиранд, камрангтар мешаванд ва саҳмашон дар гузоришҳои торихӣ ба мурӯри замон каму камтар мешавад; чароки рӯйдодҳои дигаре пеш меояд ва онҳо ба фаромӯшӣ супурда мешаванд, аммо аҷиб он аст ,ки як ҳодиса дар таърих вуҷӯд дорад, ки ҳарчӣ аз мабдаи худ фосила мегирад, дурахшонтару равшантар мешавад, гиреҳхӯрдагии он бо инсон, ҷомеъа ва ҷаҳон бештар мешавад ва он воқеаи Ошӯро аст.
Муҳаммадтақии Собирӣ гуфт : Бо гузашти ҳазорон сол аз воқеаи азими Карбало ингор ҳамин имрӯз иттифоқи Ошӯро рух дода ва ҳамеша таровату тозагии ин воқеаро дар канори худ эҳсос мекунем. Карбалоро ҳар бор бигуӣ боз тоза аст . Равзаеро ки сад бор шунидаӣ аҷиб аст вақте дубора мешунавӣ боз гиря мекунӣ.
Карбалоро аз марсия, доғ, дард ва андӯҳ мебинем, ки бисёр хуб аст, аммо кофӣ нест, чаро ки мақсади Карбало ин нест .
Вай гуфт : Бояд ба Карбало нигоҳи омӯзаӣ дошту илова бар ҳазрати Имом Ҳусайн(а) ҳамаи ёрони эшон усва ва улгӯи хубе барои ҳамаи мо мебошанд . Ҳазрати Қосиму ҳазрати Алии Акбар ( а ) барои насли имрӯзи навҷавону ҷавон дарсомӯз мебошанд ва бо табйину муаррифӣ ва табйини сираву маниши ин ҳазарот метавон бузургтарин мушкилоти насли ҷавонро бартараф кард .
Дар идомаи маросим ва ҳамзамон бо азони зуҳр ва ба ёди намози зуҳри Ошӯро намози ҷамоат иқома шуд.
 

 

Барчасп