Июл 31, 2023 10:36 Asia/Dushanbe
  • Нобуд кардани даҳҳо тона маводи ғизоӣ фосид дар Тоҷикистон
    Нобуд кардани даҳҳо тона маводи ғизоӣ фосид дар Тоҷикистон

Даҳҳо тонна маводи ғизоӣ ғайриқобили масраф дар Тоҷикистон нобуд карда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник даҳҳо тонна маводи фосид аз ҷумла тухмимурғ, асал, меваҷот ва гушт дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нобуд карда шуда аст.

Муҳаммадсаъид Файзулозода раиси кумитаи эминии маводи ғизоӣ Тоҷикистон гуфт: Дар ин муддат 28.4 тонна фаровардаҳои гушти, 5.1 тонна лабаниёт, 1070.2 летр равғани наботи, 15356 адад тухми парандагон ва 391 килограм моҳии ғайри қобили масраф нобуд шуд.

Ҳамчунин ба гуфтаи у 244 килограм асал, 4.5 тонна фаровардаҳои шур, 3.3 тонна хушкбор, 10.5 тонна мева ва сабзи ва 3.6 тонна маводи фароваришуда ба унвони маҳсулоти бекайфият ва хатарнок шиносоӣ ва аз фуруши он пешгири шуд.

Раиси кумитаи эминии маводи ғизоӣ Тоҷикистон изҳор кард коркунони ин муассиса 555 ҳазору 577 бозраси аз маҳалҳои пахши маводи ғизоӣ анҷом доданд.

Файзулозода гуфт: Дар ин муддат бо истифода аз ваксина ва дигар мавориди домпизишки дар марокизи пахши эминии маводи ғизоӣ ҳудуди 9.5 миллион дом ва паранда ваксина шуданад ва иқдомоти пешгирона аз бемориҳои дом анҷом шуда аст.