Июл 31, 2023 20:13 Asia/Dushanbe
  • Истифода аз барномаи пардохти ҳушманд дар ҳамаи хадамоти давлати
    Истифода аз барномаи пардохти ҳушманд дар ҳамаи хадамоти давлати

Мақомоти шаҳри Душанбе истифода аз барномаи пардохти ҳушманд аз аввали август дар ин шаҳр хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар аз 1 август сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ барномаи пардохти ҳушманд-ро дар фаъолияти худ истифода мебаранд.

Қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи пардохти ҳушманд амалӣ мегардад.

Ҳамзамон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ амалӣ мегардад.

Ҳамчунин аз 1 август тамоми хизматрасонии муздноки тиббӣ низ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Барчасп