Август 06, 2023 20:08 Asia/Dushanbe
  • Тақдими рӯнавишти устуворномаи сафири ҷадиди Туркманистон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон

Сафири ҷадиди Туркманистон бо вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дидору рӯнавишти устуворномаи худро тақдими вай кард.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, Аймурад Кочмурадов, сафири ҷадиди Туркманистон дар Душанбе рӯнавишти устуворномаи худро ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.

Баъд аз маросими тақдими рӯнавишти устуворнома байни ду тараф дар хусӯси чашмандози тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона, илмӣ ва соири ҳавзаҳои мавриди алоқаи мутақобил табодули назар сӯрат гирифт.

Муҳриддин ба сафири ҷадиди Туркманистон интисоби вайро ба ин симат табрик гуфт ва дар фаъолиятҳояш орзӯи муваффақият кард.

 

Барчасп