Кумаки 4.5 миллион долларии Амрико барои рушди санъати барқи Тоҷикистон
Амрико барои коҳиши талафоти фаннӣ ноши аз изофабор дар шабакаҳои интиқол ва таъмини пойдор ва мутмаъини барқ дар Тоҷикистон ба ин кишвар таҷҳизоти трасфарматор ироа кард.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, маросими таҳвили 59 континер таҷҳизоти трансфарматор бо ҳузӯри сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ва вазири энержӣ ва манобеъи обии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ин таҷҳизот дар пустҳои калидии интиқоли барқ насб мешаванд, ки ба навбати худ боиси коҳиши талафоти фаннӣ ноши аз изофабори шабакаи итиқол ва дар ниҳоят мунҷар ба таъмини пойдор ва мутмаъини барқ дар ин кишвар мешавад.
Сафири Иёлоти Муттҳида тайи суханоне дар ин маросим барқро марҳилаи аслии рушди иқтисодӣ ва инъитофпазир хонд, ки ба рушди муроқибатҳои беҳдоштӣ, омузиш, оби солим ва соири хадамоте, ки барои тазмини сатҳи болои кайфияти зиндагӣ дар Тоҷикистон муҳим ҳастанд, кумак мекунад.