Декабр 27, 2016 12:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мушкилот дар таъмини обу барқи мардуми Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ амалкарди Тоҷикистонро дар таъмини обу барқи мавриди ниёзи мардум номуносиб арзёбӣ кард.

Ба гузориши сайти Бонки ҷаҳонӣ, ин ниҳоди молии байналмилалӣ дар гузориши тозаи худ таъкид кардааст, ки имсол фаъолияти идороти обу барқ дар Тоҷикистон заиф шудаву мавориди қатъии обу барқ ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, қатъи об дар Тоҷикистон дар моҳҳои май то сентябри имсол 6 дарсад бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл будааст.

Ҳамчунин дар моҳи сентябри имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, шикояти хонаводаҳо аз қатъи барқ дар соатҳои маҳдудият 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон имсол ба таври расмӣ ба далели фаро расидани фасли сармову коҳиши мизони оби вурудӣ ба садди нерӯгоҳҳои барқӣ-обии ин кишвар аз аввали моҳи ноябр оғоз шудааст ва то пеш аз то ин замон низ мардум аз камбуди барқ шикоят доштаанд.

Акнун сокинони Тоҷикистон ба ғайр аз шаҳри Душанбе ва марокизи вилоятҳои ин кишвар дар шабонарӯз 12 соат барқ дарёфт мекунанд.

Аз сӯйи дигар, бо тасмими давлати Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябри имсол, қимати ҳар як киловат соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ, ки то кунун 12, 6 дирам буд, бар асоси тарофаҳои ҷадид ба 16,6 дирам афзоиш ёфт.

Ҳамчунин марокизи тавлидӣ ва санъатии Тоҷикистон барои масрафи ҳар киловат соат барқ 35, 6 дирам пардохт мекунанд.