Декабр 27, 2016 14:27 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ

Эмомалӣ раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ хостааст, ки дар шароити тағйири вазъияти сиёсӣ ва низомии ҷаҳон аз ҳамдигар ҳимоят кунанд.

Ба гузориши сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти кишварҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ дар Санкт-Петербурги Русия ҳифзи амнияти марзии Тоҷикистон бо Афғонистонро ба манзури мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир муҳим арзёбӣ карду гуфт: “Зарурӣ аст кишварҳои СПАД дар ин шароити печидаву буҳронӣ тавваҷуҳи кофӣ ба амнияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дошта бошанд”.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, авзои сиёсӣ дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тағйир кардааст, ки ин вазъ ҳамгироии бештари кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро дар баробари хатарҳову чолишҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ талаб мекунад.

Нишасти фавқуллодаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дирӯз дар Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа раиси ҷумҳурии Русия ва сарони Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳузур доштанд.

Дар ин ҷаласа вазъи кунунии минтақаву ҷаҳон, аз ҷумла афзоиши хатари тероризму ифротгароӣ ва авзои печидаи сиёсӣ ва низомии Афғонистон баррасӣ шуд.

Созмони паймони амнияти ҷамъӣ яке аз созмонҳои фаъоли низомӣ ва чандманзура дар ҳавзаи Осиёи марказӣ ва Қафқоз аст.