Август 15, 2023 19:57 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон: Омодаи ҳамкори бо ниҳодҳои Эрон дар ҳодисаи террористии Шоҳчароғ ҳастем
    Тоҷикистон: Омодаи ҳамкори бо ниҳодҳои Эрон дар ҳодисаи террористии Шоҳчароғ ҳастем

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард: Зимни маҳкум кардани ҳодисаи террористии Шоҳчароғ этминон медиҳем ин ҳодиса бар равобити ду кишвари дусту бардорад таъсир нахоҳад гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар як нишасти матбуъоти ҳодисаи террористии ҳарами Шоҳчароғро маҳкум ва бар адами таъсири он бар равобити миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар посух ба пурсиши хабарнигор мабни бар ҷазби шаҳрвандони ин кишвар ҷиҳати анҷоми иқдомоти террористӣ изҳор дошт: Мо аз вуқуъи ҳодисаи террористӣ тавассути расона бо хабар шудем ва ҳануз дар ин маврид ба мо аз тарафи Эрон иттилоъоти дода нашуда аст мо омодаем бо ниҳодҳои марбутаи кишвар дусту бародар Эрон ҳамкори кунем.

Вай таъкид кард: Мо ҳодисаи террористии Шоҳчароғро шадидан маҳкум мекунем ва ба наздикон ва бастагони қурбониён сабри ҷамил ва ба маҷруҳон ва осебдидагон аз Худованд шифои комил мехоҳем.

Ин мақоми сиёсии тоҷик таъкид кард: Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси омилҳои террористӣ бисёр дақиқ ва дуруст таъкид доранд, ки террористи ватан, миллату дин надорад ва ҳатман бояд маҳкум шавад бино бар ин бедуни тардид ин иқдомоти террористӣ ба равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон таъсир нахоҳад дошт.

Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба таърихи ва решадор будани равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон таъкид кард: Муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, ва пайвандҳои ногусастании миёни мардуми ду кишвар ҳеле бештар аз он аст, ки як омили ҷиноӣ ва террористӣ битавонад онро таҳти таъсир қарор диҳад балки ин ҳодиса аҳамияти ҳамкориҳо ва муборизаи муштаракамон зидди терроризм ва дигар таҳдидоти амниятиро барҷаста мекунад.

Бино бар ин чунончи аз тарафи кишвари дусту бародари Эрон дархости расми дарёфт кунем ҳатман дар ин замина ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ҳамкориҳои лозимро анҷом хоҳанд дод.