Баҳрабардорӣ аз манзилҳои маскунии навсоз дар ноҳияи Раштқалъа бо ҳузӯри Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикистон манзилҳои маскунии навсозро дар ноҳияи Раштқалъа мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикстон калиди манзилҳои маскунии ҷаддидро ба соҳибони онҳо таҳвил дод ва аз утоқҳо боздид карданд.
Хонаҳои маскунии ҷаддид бо ҳунари меъмории боло сохта шудаанд ва фазои дохилии онҳо бо истифода аз масолеҳи сохтумони оро дода шудааст. Дар минтақаи ҷаддид беш аз 1 ҳектор замин барои сохти манзили масакуни барои сокинони хисорат дида дар назар гирифта шуд ва бо дар назар гирифтани тамоми шароити хонаҳои маскунӣ барои 10 хонавода сохта шуд.
Кори сохту соз бо ҳимоят ва таваҷҷӯҳи мустақими Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд ва дар муддати 1 моҳа ба поён расид.
Гуфтани аст, аз 27 июни соли ҷорӣ ба далели борони шаддид ва ҷорӣ шудани сел дар рустоҳои ноҳия Раштқалъа масири рудхонаи Шухдара масдуд шуд, ки бар асари он 15 манзили маскуни тахриби комил ва ҷузъи шуданд ва муассисоти омӯзиши ибтидоӣ, паркҳо ва заминҳои кишоварзӣ зери об монда буданд, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Хисороти молии ворид шуда ба мардум дар ин ҳодиса бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба таври комил ҷуброн шуд.