Август 19, 2023 11:54 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори сафири нави Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон

Сафири нави Тоҷикистон устуворномаи худро тақдими раиси ҷумҳӯри Озарбойҷон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Илҳоми Абдурраҳмон ба унвони сафири нави Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон ҷойгузини Рустам Солӣ шуд . Илҳоми Абдурраҳмон-сафири ҷадиди Тоҷикистон устуворномаи худро тақдими Илҳом Алиев-раиси ҷумҳӯри Озарбойҷон кард. Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар ин бора хабар дод ва афзуд, ки дипломати тоҷик салому орзӯи Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба Алиев иблоғ кард . Бар асоси ин баёния дар ин гуфтугӯ мавзӯъоти ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷонибаи байни Тоҷикистону Озарбойҷон баҳсу баррасӣ шуд.
Илҳоми Абдурраҳмон дар солҳои 2017 то 2018 сарконсули Тоҷикистон дар Истанбули Туркия буд ва дар солҳои ахир дар симатҳои дипломатӣ дар Дубай ва Амрико кор мекард.
 

 

Барчасп