Декабр 28, 2016 10:54 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Раҳмон аз оғози дубораи парвозҳо миёни Узбакистон ва Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, муовини сарвазири Узбакистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимовро ба ҳузур пазируф.

Ба иттилои сайти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз ташаббуси ҷониби Узбекистон дар мавриди барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат бо хушнудӣ истиқбол менамояд ва кишвари мо хостори дар оянда беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи неруи барқ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводиди рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад.

Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда барои бартарафсозии шарту шароити монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ масъалаҳои муҳиму рӯзмарра баррасӣ шуда, барои дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ иқдомҳои муассир пеш гирифта мешаванд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд.