Август 28, 2023 10:14 Asia/Dushanbe
  • Чин садрнишини кишварҳои кумак кунанда ба Тоҷикистон
    Чин садрнишини кишварҳои кумак кунанда ба Тоҷикистон

Аз моҳи январ то июли соли ҷорӣ Тоҷикистон бештарин кумакҳои башардӯстонаро аз Чин дарёфт кардааст.

Ба гузориши  Садои Хуросон, бар асоси идораи омори Тоҷикистон, ин кишвар дар моҳҳои январ то июли соли ҷорӣ кумакҳои башардӯстона ба арзиши ҳудуди 43.5 миллион доллар дарёфт кардааст.

Кумакҳое, ки вазни кулии он болиғ аз 18 ҳазор тон ва аз 51 кишвари ҷаҳон сурат гирифтааст.

Бар ин асоси ин гузориш, ҳомиёни аслиии Тоҷикистон дар ин муддат дар рутбаи аввал Чин бо ( 29٪ аз арзиши кул) ва Амрико бо  (25.2٪) дар рутбаи дуввум қарор доранд.

Дар идома  Белжик (10.7%)، Русия (8.0%)، Қазоқистон  (4.2%)، Туркия (2.9%)، Донморк (2.7%)، Ҳинд (2.6%) низ саҳми нисбатан болои доштанд. %)، Узбекистон  (1.9%). Олмон (1.6%)، Суид ва Кареияи Ҷанубӣ ( ҳар кадом 1.5%)، Фаронса (1.4%)، Ҳоланд (1.0%).

Мизони кумакҳои дарёфти дар 7 моҳаи имсол  39.5 миллион камтар аз муддати мушобеҳи соли 2022 аст.

Теъдоди эҳдо кунандагон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи сол гузашта аз 56 кишвар ба 51 кишвар коҳиш ёфтааст.