Август 30, 2023 13:10 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон барои беҳбуди сифати хадамоти пизишкӣ

Бонки осиёии рушд барои беҳбуди сифати хадамоти пизишкӣ ба Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Бонки осиёии рушд кумаки молии 500,000 доллариро барои тақвияти муроқибатҳои беҳдоштӣ дар Тоҷикистон тасвиб кардааст.

Ин тарҳ ба давлати Тоҷикистон барои беҳбӯди муроқибатҳои пизишкӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва Шамсиддини Шоҳин кумак мекунад.

Ҳамчунин кумаки молии Бонки осиёии рушд барои тақвияти хадамотдиҳӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Данғара ва Айнӣ ба сӯрати азмоишӣ ҳазина хоҳад шуд.

Тоҷикистон дар соли 1998 узви Бонки осиёии рушд шуд.