Сентябр 02, 2023 19:02 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз 57 бинои ҷадиди муассисаи омӯзишӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ, 57 бино ҷадиди муассисаи омӯзишӣ бо 15000 сандалӣ ба баҳрабардорӣ расид.

Дар ҳафт моҳи соли ҷории милодӣ, 57 бино ҷадиди муассисаи омӯзишӣ бо 15000 сандалӣ дар Тоҷикистон сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бар асоси барномаи пешбинӣ шуда то поёни соли ҷорӣ беш аз 200 мактаби дигар ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дирӯз бо эъломи ин матлаб дар суханроне ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи пизишкии давлатии Хатлон дар ноҳияи Данғара афзуд: Ҳамзамон дар ҳашт моҳаи имсол 25 феҳристи китоби дарсӣ ба теъдоди беш аз якмиллион нусха мунташир шуд.