Ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон мавриди ҳимояти Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид
Ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон мавриди ҳимояти Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қарор гирифт.
Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи “ Пайгирии натоиҷи конфаронси Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди фарогирии миёнмуддати даҳаи байналмилалии “ Об барои тавсеаи пойдор 2018 – 2028”-ро, ки тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон, подшоҳии Ҳоланд ва Ҷумҳурии Сенегал пешниҳод шуда буд, тасвиб кард.
Ба ин тартиб ҷомеъаи ҷаҳонӣ ташаббуси Эмомалӣ Раҳмонро барои баргузории конфаронси Созмони Миллал дар соли 2028 дар Тоҷикистон дар мавриди арзёбии ҷомеъи ниҳоии иҷрои аҳдофи даҳаи иқдоми байналмилалии “ об барои тавсеаи пойдор 2018 – 2028”-ро пазируфт .
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин ташаббус барои аввалин бор тавассути оқои Раҳмон дар ҷараёни конфаронси оби Созмони Миллали Муттаҳид ( 22 то 24 марти соли 2023) дар Нию-Йорк матраҳ шуд.