Сентябр 07, 2023 17:50 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон бо созмони FAO

Тавсеаи ҳамкории дуҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастрасии технологияи нав аз масъалаҳое буданд, ки 5 сентябр зимни  мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон (FAO) Олег Кучгелдиев баррасӣ гардиданд.

Ба навиштаи сомонаи «Ховар», дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои таъмини тухмиҳои хушсифату ҳосилдиҳанда ва ҷалби воситаҳои грантӣ барои рушди соҳибкории занон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят рушди бештар меёбад.

Бояд гуфт, ки FAO дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизои мамлакатҳо саҳми арзанда гузошта истодааст.