Табрики сарони кишварҳо ба Эмомалӣ Раҳмон дар сию дуюмин соли Истиқлоли Тоҷикистон
(last modified Sat, 09 Sep 2023 10:13:07 GMT )
Сентябр 09, 2023 15:13 Asia/Dushanbe
  • Табрики сарони кишварҳо ба Эмомалӣ Раҳмон дар сию дуюмин соли Истиқлоли Тоҷикистон

Мақомоти баландпояи кишварҳои мухталиф бо ирсоли паёмҳои ҷудогона ба Раиси ҷумҳӯр ва мардуми Тоҷикистон фаро расидани сию дуюмин солгарди Истиқлоли ин кишварро табрик гуфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомоти баландпояи кишварҳои мухталиф бо ирсоли паёмҳои ҷудогона ба раиси ҷумҳӯр ва мардуми Тоҷикистон,фаро расидани сию дуюмин солгарди истиқлоли ин кишварро табрик гуфтанд . Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия,Ши Ҷейн Пинг,раиси ҷумҳӯри Чин, Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико, Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон ва Қосимҷомарт Тақоев, раиси ҷумҳӯри Қазоқистон бо ирсоли паёмҳои ҷудогонае солрӯзи истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфтанд.
Дар ин паёмҳо бар дастовардҳои чашмгири Тоҷикистон дар солҳои Истиқлол дар заминаҳои давлатсозӣ, тавсеаи пойдори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва афзоиши сатҳи зиндагии мардуми ин кишвар таъкид шудааст.
Тоҷикистон 31 сол пеш дар паи фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ истиқлоли худро ба даст овард ва Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли ин кишварро ба расмият шинохт ва сафоратхонаи худро ба унвони нахустин дафтари намояндагии хориҷии  Душанбе гушуд.