Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Амрико сафар мекунад
(last modified Sat, 16 Sep 2023 12:38:42 GMT )
Сентябр 16, 2023 17:38 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Амрико сафар мекунад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба манзури ширкат ва суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Амрико сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бинобар эъломи расонаҳои расмии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби ин сафар ҳамчунин дар нахустин нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико, ки қарор аст 20 сентябр дар Вашингтон баргузор шавад, ширкат мекунад.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи руасои ҷумҳури кишварҳои минтақа ширкати худ дар ин нишастро таъйид кардаанд.

Ин нишаст токунӯн дар сатҳи вузарои умури хориҷа баргузор мешавад ва аммо ин бор дар сатҳи болотар – бо ҳузури руасои ҷумҳури кишварҳои ширкаткунанда баргузор хоҳад шуд.

Амният, иқтисод ва муҳити зист аз бахшҳои аслии мавриди баҳс дар чорчӯби ин нишаст башумор мераванд.

Охирин нишасти вузарои хориҷа дар қолаби «5+1» дар 28 феврал дар Қазоқистон баргузор шуд.