Баргузории нишасти кишварҳои муассиси Сандӯқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал дар Душанбе
(last modified Sun, 17 Sep 2023 14:27:29 GMT )
Сентябр 17, 2023 19:27 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти кишварҳои муассиси Сандӯқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал дар Душанбе

Нишасти Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандӯқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал дар Душанбе баргузор шуд.

Нишасти Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандӯқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал дар Кохи миллат ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистони дирӯз баргузор шуд.

Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Сардар Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини аввали раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва ҳамчунин Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид — Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда Каха Имнадзе иштирок карданд.

Дар ин дидор маҷмӯи мавзуоти муҳими Сандӯқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал, аз ҷумлаи натоиҷи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳод, беҳбӯди сохтори созмонӣ ва мабнои қарордодӣ ва қонӯнии сандӯқ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва ҷиҳатгириҳои ояндаи фаъолиятҳои муштарак зимни анҷоми иқдомот дар ин заминаҳо таъйин ва мушаххас шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар хусӯси натоиҷи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон изҳори назар кард.

Таъкид шуд, ки Сандӯқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал нақши муҳимме дар тақвияти ҳамкорӣ ва равобити кишварҳои минтақа дар ҳалли масоили печидаи об ва экологӣ дорад. Натоиҷи қобили таваҷҷӯҳе дар чорчӯби ин ниҳод ҳосил шуд, ки ба тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиёи Марказӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҳамчунин эҷоду густариши равобити дуҷониба ва чандҷониба дар ин росто кумак кардааст.

Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, раиси Маркази минтақаии дипломасии пешгиронаи созмон дар Осиёи Марказӣ паёми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ба ширкаткунандагон расонд. Бар асоси натоиҷи ин нишаст, мусаввабаҳои Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандӯқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал ва ҳамчунин баёнияи Душанбе имзо шуд. Дар поёни нишасти Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандӯқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал нишасти хабарӣ баргузор шуд.