Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Антонио Гутерриш бо мавзуъи ҳифозат аз пиряхҳои табиъӣ
(last modified Tue, 19 Sep 2023 14:00:20 GMT )
Сентябр 19, 2023 19:00 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Антонио Гутерриш бо мавзуъи ҳифозат аз пиряхҳои табиъӣ
    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Антонио Гутерриш бо мавзуъи ҳифозат аз пиряхҳои табиъӣ

Дар музокироти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Милал масъалаи ҳамкори аз ҷумла тасвиби қатъномаи маҷмаи умуми дар мавриди панҷумин ибтикори Душанбе барои ҳифозат аз пиряхҳои табиъӣ барраси шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳамкории ду тараф дар заминаҳои об, тағироти иқлими ва паёмадҳои он ба манобеъи оби, пешгири аз балоҳои табиъӣ, рушди зарфиятҳои тавлиди энержии сабз, тасвиби қатъномаи маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди панҷумин ибтикори Тоҷикистон дар хусуси ҳифозат аз пиряхҳои табиъӣ аз мавзуъоти аслии ин музокирот буданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханони таъкид кард, ки барои рушд ва густариши равобит бо созмони Милали Муттаҳид аҳамияти зиёди қоил аст ва онро яке аз шарикони аслии худ дар арсаи байналмилали медонад.

Тайи ин дидори ду тараф дар бораи бисёри аз масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва амнияти ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҷумла танишҳои гиополетики, даргириҳои мусалаҳона, таҳдидоти терроризм ва ифротигароӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва моллӣ ва тағироти обу ҳавоӣ табодули назар карданд.

Дар бахши дигари ин дидор таъкид шуд, ки Тоҷикистон барои дастёби ба аҳдофи рушди пойдор, тасриъи иқдомот дар дастури кори 2030 талош мекунад ва дар ин росто стратегияи рушди миллиро барои давраи то соли 2030 тасвиб ва чандин барномаи дигари давлатиро иҷро кард.

Дар ин дидор аз Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимояти мустамар аз ибтикорот ҷаҳонии Тоҷикистон қадрдони шуд.

Дар мавриди вазъият дар Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистон тамоми тавони лагестикии худ аз ҷумла 6 пул дар марз бо ин кишварро барои расондани кумакҳои башардустона ба мардуми Афғонистон фароҳам карда аст.

Ҳамчунин хотирнишон шуд, ки бозорҳои марзии байни ду кишвар шуруъ ба кор карданд. Тоҷикистон ба Афғонистон барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмони содир мекунад.